Дар вақти субҳгоҳон буи Муҳаммад омад,
Андар машоми мардон бӯи Муҳаммад омад.
///*///
Рафтам ба сӯи бӯстон гулҳо шукуфта дидам,
Аз ҷониби гулистон бӯи Муҳаммад омад.
///*///
Ҳар субҳи дам бинолам дар хонакоҳу масҷид,
Аз оҳи субҳхезон бӯи Муҳаммад омад.
///*///
«Ваш-Шамс» васфи рӯят, «Вал-Лайл» наъти мӯят,
Аз сураҳои Куръон буи Муҳаммад омад.
///*///
«Тоҳо» бихону «Ё син» в-он гаҳ бигӯй омин,
Аз зикри исми Раҳмон бӯи Муҳаммад омад.
///*///
Ин ҳашт дар кушода дар интизори Ҳазрат,
Аз боргоҳи Ризвон бӯи Муҳаммад омад.
///*///
Шукри Худо ҳазорон, чандин ҳазор борон,
Аз мулкати Бадахшон бӯи Муҳаммад омад.
///*///
Туфони Карбалоро гирди Ҳусайн дидам.
Аз нолаи Имомон бӯи Муҳаммад омад.
///*///
Имло, бизан ту худро дар суҳбати ғарибон,
Аз суҳбати ғарибон бӯи Муҳаммад омад.
برچسب:
نویسنده: رضا خوشنام